Сокинони Роғун барои зимистонгузаронӣ омодаанд ?

Ноябрь 1, 2011 15:52

Душанбе, 1 ноябр. (АМИТ «Ховар»,  Зебо  Давлатова ). —  Зимистон  дар мекӯбад. Имрӯзҳо дар  минтақаҳои  дурдасти   кӯҳсори  кишвар  боришоти барф  мушоҳида  мегардад. Тавре  мудири   шӯъбаи  ташкилӣ  ва  кор  бо  кадрҳои  раиси   шаҳри  Роғун  Мӯъминшо Тоиров ба  хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ дод,    дар  шаҳри  Роғун   ба  зимистонгузаронӣ омодагии ҳамаҷониба  мебинанд.  Дар  8  нуқтаи   шаҳр  фурӯши  ангишт ташкил    шудааст. Айни замон  дар  назди   КВД «Новак» — и  шаҳр     100 тонна  рег,  2 тонна намак,  5  тонна   сӯзишвории  дизелӣ захира шуда, 7  адад  трактор таъмир   гардида ва барои   зимистонгузаронӣ   омода   шудааст. Мӯъминшо Тоиров  афзуд, ки  то  имрӯз     1500  тонна  ангишт  дастраси аҳолӣ     шуда ва  500 тонна  ангишт  захира   шудааст.

Ноябрь 1, 2011 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад