Сухан аз ҳукумати электронӣ рафт
Хоруғ, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Аз 21 то 24 ноябр дар бинои Донишкадаи такмили маҳорати омӯзгорони ВМКБ семинари серӯза дар мавзӯи «Ба хотири таҳкими тавонмандии мутахассисони ҳукумати электронӣ» барои аъзои Шӯрои оид ба технологияи иттилоотию коммуникатсионии назди раисони вилоятҳо кори худро анҷом дод. Семинарро бо сарсухан мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби масъули Шӯро оид ба технологияи иттилоотию коммуникатсионии назди Президенти Ҷумҳурӣ Муҳаббатшоҳ Рӯзадоров ифтитоҳ намуд.Дар семинар роҷеъ ба ин мавзӯъ ва мавзӯоти дигар мушовири Президент М.Рӯзадоров, раиси Академияи маҷозии технологияи иттилоотию коммуникатсионии назди Президенти Ҷумҳурӣ Асомуддин Атоев ва муовини директори Донишкадаи такмили маҳорати омӯзгорони вилоят Ҷобир Мулкамонов сухан карданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






