Сулҳу рушди Афғонистон аз ҳамсоягони он вобастагӣ дорад
Душанбе, 3 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Президенти Ҷумҳурии Туркия дар Конфронс оид ба Афғонистон «Амният ва ҳамкорӣ дар Қалби Осиё» тазаккур дод, ки минтақа ба шумули Афғонистон дар қалби он дорои захираҳои ғании инсонӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мебошад. Абдулло Гул инчунин таъкид сохт, ки суботи вазъ дар Афғонистон, сулҳу рушди ин кишвар ба ҳамсоягони он вобастагӣ дорад ва Туркия, чун тамоми дигар давлатҳо, манфиатдор аст, ки мушкилиҳои ҷойдоштаи Афғонистон ҳалли худро ёбанд.Дар баромади худ Ҳомид Карзай ба рафъи мушкилиҳои мавҷуда дар таъмин намудани субот ва амнияти кишвар таваҷҷӯҳ зоҳир кард. Дар ин росто, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон тамоми кӯшиш ба харҷ медиҳад, то вазъ дар Афғонистон ҳарчи зудтар ором шавад. Роҳбари давлати Афғонистон қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ барои тавсеа додани ҳамкориҳо бо Афғонистон иқтидори азиме доранд, ки ин ҳам ба манфиати Афғонистон ва ҳам ба манфиати минтақа дар маҷмӯъ мебошад.Дар Конфронс ҳамчунин вазирони корҳои хориҷии Туркия ва Афғонистон, аз ҷумла роҳбарони дигар ҳайатҳои минтақа сухан карданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






