Суръат бахшидан ба корҳои сохтмонии НБО Сангтуда-2

Ноябрь 21, 2011 11:01

Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — 18 ноябри соли 2011 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиасғари Шеърдӯстро ба ҳузур пазируфт.Аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои энергетика, иқтисод, маориф ва фарҳанг, аз ҷумла ба анҷом расонидани сохтмони нақби мошингузари “Истиқлол” дар ағбаи Анзоб, суръат бахшидан ба корҳои сохтмонии Нерӯгоҳи барқи обии Сангтуда-2 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Мусоҳибон ҳамчунин дар мавриди масъалаи омодагӣ ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки моҳи марти соли 2012 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд, фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.Манбаъ ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар фарҷоми мулоқот Сафири Эрон ба Вазир нусхаҳоро аз силсилаи “Баёзи адабиёт” тақдим кард, ки ба наздикӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба чоп расидаанд. А. Шеърдӯст хабар дод, ки китобҳои мазкур ба теъдоди 200 ҳазор нусха аз чоп баромада, барои синфҳои 8, 9, 10 ва 11 мактабҳои маълумоти ҳамагонӣ пешбинӣ гардидаанд ва дар рӯзҳои наздик ба Вазорати маорифи Тоҷикистон супорида хоҳанд шуд.

Ноябрь 21, 2011 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд