Тағйироти кадрӣ дар Хуҷанд
Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Неъматҷон Юсуфов, ки қабл аз ин ба ҳайси сардори идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд ифои вазифа мекард, бо қарори раиси шаҳри Хуҷанд директори кулли Корхонаи воҳиди давлатии «Хуҷандобуканал» таъин гардид.Ӯ дар ин вазифа Илҳом Оқиловро, ки бо сабаби роҳбари татбиқи Лоиҳаи обрасонии шаҳр таъин шуданаш аз вазифа сабукдӯш шудааст, иваз намуд. 28 ноябр раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов дар ҳузури коргарони КВД «Хуҷандобуканал» сарвари нави муассиса Неъматҷон Юсуфовро муаррифӣ карда, ба сарвари пешини корхона Илҳом Оқилов барои хизматҳои шоистаи тӯлонӣ ва саҳми назаррасаш дар ободии шаҳр ва таҷдиди техникии соҳаи обрасонӣ арзи сипос намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






