Таҳаммулпазирии динй дар Амрико ва ҷаҳон

Ноябрь 2, 2011 17:22

Душанбе, 2 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарҳоди Шомаҳмад).- Имрӯз  дар маркази «Муошират ва иттилоот»-и пойтахт  конфронси илмию  амалй зери унвони  «Дин, таҳаммулпазирй ва иттиҳод дар Амрико ва ҷаҳон» бо дастгирии сафорати Амрико дар Тоҷикистон баргузор шуд.  Дар он намояндагон аз Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессорони муассисоти таҳсилоти олӣ  ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеи шаҳри Душанбе  ширкат варзиданд. Ҳотам Файзуллоев, раиси ташкилоти ҷамъиятии «Мотикон» зимни сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки ҳадаф аз баргузории конфронси мазкур пеш аз ҳама  бардошт ва муқоисаи таҳаммул пазирии динӣ  ва иттиҳоди байни давлатҳо мебошад.  Дар анҷом иштирокчиёни конфронс доир ба мавзӯъҳои «Таҳаммулпазирй ва осебпазирии он  дар ҷомеа», «Таҳаммулпазирии динй  дар Амрико ва ҷаҳон» маърӯза намуданд ва миёни  иштирокчиён дар ин бобат баҳсҳо сурат гирифтанд.

Ноябрь 2, 2011 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд