Таҷлили 70 — солагии Ҳ. Пӯлодов дар Суғд
Душанбе, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Даҳаи сеюми моҳи ноябри соли равон дар вилояти Суғд 70 — солагии олим, ходими намоёни давлатӣ Ҳомид Пӯлодов таҷлил мегардад. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба мо иттилоъ доданд, ки бо назардошти хизматҳои назарраси Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи ба номи Бобоҷон Ғафуров, доктори илмҳои фалсафа, профессор Ҳомид Пӯлодов ва бо мақсади қадршиносӣ аз меҳнати аҳли зиё қарори раиси вилояти Суғд ба имзо расид.Барои дар амал татбиқ намудани қарори мазкур шӯъбаҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Шӯрои вилоятии собиқадорони ҷангу меҳнат муваззаф гардидаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






