Таҷлили рӯзи Парчам дар литсей-интернати Президентӣ
Душанбе, 25-ноябр. (АМИТ «Ховар», Меҳрубон Сатторова).-Дирӯз дар литсей-интернати Президентӣ бахшида ба рӯзи Парчами давлатӣ ҷамъомад доир гардид. Зимни он директори литсей Манзура Мадатова перомуни муқаддасоти кишвар, аз ҷумла бузургдошти Парчами давлатӣ сухан гуфт. Сипас хонандагони литсей дар васфи Ватан, Парчам ва Нишон шеърҳо қироат карданд.Асомуддин Элчибеков, ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ зикр кард, ки бахшида ба рӯзи Парчами давлатӣ миёни хонандагон озмуни иншои озод дар мавзӯи «Парчами давлатӣ» эълон шуда буд ва он дар рӯзи ҷашн ҷамбаст гардида, ғолибон муайян шуданд. Қудратулло Юсупов ва Руқия Сафарова соҳиби ҷойи аввал, Мумтозмаҳалли Фирдавс ва Абдумалик Абдуллозода ғолиби ҷойи дуюм, Ганҷина Ризоева ва Баракатуллои Абдулаҳад соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.Дар хатми ҷамъомад барномаи ҳунарии хонандагони лисей-интернат пешкаши иштирокдорон гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






