Таҷлили Рӯзи Парчам дар «Тоҷикстандарт»
Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрўз бахшида ба таҷлили Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» бо иштироки кормандон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар маҷлиси тантанавӣ директори Агентии «Тоҷикстандарт» Бахтиёр Шукуров оид ба таърих, моҳият ва арзиши волои Парчам ҳамчун муқаддасоти асосии давлатдорӣ ва бардоштани фарҳанги сиёсӣ, ҳувияти миллӣ ва ҳисси ватандўстиву худшиносӣ изҳори ақида намуд.Ҳамзамон дар ҷараёни маҷлис кормандони «Тоҷикстандарт» cухан гуфта, гиромидошти ин рамзи миллиро таъкид намуданд.Маврид ба ёдоварист, ки бахшида ба таҷлили Рӯзи Парчам дар толори варзишии тозабунёди «Тоҷикстандарт» як қатор чорабиниҳои варзишӣ, аз ҷумла мусобиқаи волейбол байни кормандони мақомоти давлатӣ баргузор гардид.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






