Таҷлили Рӯзи Парчам дар ВМКБ
Хоруғ, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Дар шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои худшиносии миллӣ, ватанпарастию хештаншиносӣ, дастгирии дастаҷамъонаи сиёсати ҳукумати мамлакат таҷлил гардид. Дар шаҳри Хоруғ чорабиниҳои ҷашнӣ ба хотири Рӯзи Парчами миллӣ аз раҳпаймоии ҷавонон, ки ҳамагон дар даст парчамҳои Тоҷикистонро доштанд, шурӯъ гардид.Муовини аввали раиси вилоят Исмоил Орифшоев зимни суханрониаш ҳозиронро аз номи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол табрик намуд.Чунин чорабиниҳо дар ҳамаи ноҳияҳои вилоят низ баргузор шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






