Тадбирҳои таъхирнопазири ҳукумати шаҳр

Ноябрь 9, 2011 14:22

Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Назокат Қодирова).-Таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ  доир   гардид, ки дар он масъалаҳои муҳими ҳаёти шаҳр  баррасӣ шуданд.Маҳмадсаид Убайдуллоев  ба масъулин  барои тақвият додани фаъолияти ҳамарўза дар мавсими тирамоҳу зимистони пешорў ва пешгирии  ҳодисаҳои  сўхтор  супоришҳои мушаххас дод ва  ҳамзамон ба масъалаи  таъмини сокинони пойтахт бо нерўи барқ, сарфакорона ва самаранок истифода бурдани қувваи барқ ва оби нўшокӣ дахл  намуд.Дар ҷаласа  ба масъалаи сохтмони биноҳои баландошёна дар хиёбони  Рўдакӣ, ҳолати беҳдошти  вазъи экологӣ, ободонӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва риояи қоидаҳои зиддисўхторӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардид. Раиси шаҳр ҳамчунин нисбат ба болоравии нархи маводи ғизоӣ дар бозорҳои шаҳр изҳори нигаронӣ карда, роҳбарони мақомоти  ҳифзи ҳуқуқ ва комиссияҳои доимии ҷамъиятиро даъват намуд, ки назоратро нисбат ба коҳиш додани нарх дар бозори истеъмолӣ пурзўр намоянд ва дар ин самт ба муовини Раиси шаҳр С.Сафаров ва комиссияҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати танзими фаъолияти бозорҳои коммуналии шаҳр, мақсаднок истифода бурдани маблағҳои қарзӣ, ки барои харид ва захираи маҳсулоти кишоварзию маводи ғизоӣ ҷудо шудаанд,  то 15 декабри соли равон мўҳлат муқаррар намуд.  Дар ҷаласа сардори Раёсати хадамоти назорати  давлатии барқ дар шаҳри Душанбе Р. Саидов бинобар сабаби аз меъёр зиёд  талаф ёфтани нерўи барқ дар шаҳр аз мансаб сабукдўш гардид. 

Ноябрь 9, 2011 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад