Талабот барои ҷойи кор зиёд аст
Душанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод),- Дар Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ ба мухбири Амит «Ховар» иттилоъ доданд, ки аз аввали соли 2011 то моҳи октябр ба хадамоти шуғли аҳолӣ 52,2 ҳазор нафар барои пайдо кардани ҷойи кори мувофиқ муроҷиат карданд. Аз ҷумлаи муроҷиаткунандагон 24,5 ҳазор нафарро занҳое ташкил додаанд, ки ба фаъолияти меҳнатӣ машғул нестанд.Ба иттилои манбаъ, аз шумораи умумии ашхоси корҷӯ 31 ,7 ҳазор нафар бори аввал ва 25,7 ҳазор нафарро ашхосе ташкил додаанд, ки касбу ихтисос надоранд. Шумораи ҷойҳои холии кор, ки корхонаҳо ба хадамоти шуғли аҳолӣ дархост пешниҳод кардаанд 12,5 ҳазор ҷойро ташкил намуд, ки ба як ҷойи холии кор 6 нафар талабгор рост меояд. Талаботи қисме аз корхонаҳо ба коргар аз рӯи корҳои мавсимӣ сурат мегирад. Масалан, агар дар моҳи январи соли 2011 корхонаҳо ба хадамоти шуғли аҳолӣ барои 9533 ҷойи холи кор дархост дода бошанд, дар моҳи март барои 11 ҳазору 694, июн – 12 ҳазору 874, сентябр – 12509 ва дар моҳи октябр аз ин камтар дархост кардаанд, аз ин рӯ таъмини на ҳамаи муроҷиаткунандагон бо кор муяссар гардид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






