Танини «Суруди сарбоз» ба ифтихори Рӯзи Парчам

Ноябрь 23, 2011 11:50

Душанбе, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо ташаббуси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд фестивал — озмуни вилоятии сурудҳои ватанпарастона таҳти унвони «Суруди сарбоз» байни сарбозон ва афсарони қисмҳои низомӣ баргузор гардид.Озмуни мазкур бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таблиғи ғояҳои ифтихори миллӣ ва ватандӯстии ҷавонон, дарёфти истеъдодҳои нав миёни сарбозон доир гардид.Дар озмун аз қисмҳои низомии шаҳру ноҳияҳои Чкалов, Ғафуров, Хуҷанд, Қайроққум ва факултаи 4-уми Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд. Ҷои якумро факултаи 4-уми Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, ҷои дуюмро сарбозони қисми низомии 051056 — и Гвардияи миллии шаҳри Чкалов ва ҷои сеюмро сарбозони қисми низомии 14356 – и ноҳияи Ғафуров сазовор гардида, ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо тӯҳфаю ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят сарфароз гардонида шуданд.

Ноябрь 23, 2011 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад