Тарма ҷони ду нафарро рабурд
Душанбе, 8 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Бар асари фаромадани тарма, ки 5 ноябр дар ағбаи Оббурдони ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳи вилояти Суғд ба вуқӯъ омад, ду нафар ҳалок шуд. Тавре ки аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, кормандони кумитаи мазкур 7 ноябр ҷасади Исмоил Назирови 48 сола ва Мирзошариф Давлатови 46 соларо ёфта ба наздиконашон супориданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






