Таъсиси Фонди дастгирии олимпичиён

Ноябрь 22, 2011 15:38

Душанбе, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Имрӯз дар ҷаласаи нахустини Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии раиси шӯро, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов баргузор гардид, масъалаҳои муҳими вобаста ба рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо варзишгарони мамлакат аз 20 декабри соли 2010 дода буд, гузориши масъулини сохторҳои дахлдор шунида шуд. Роҳбарияти Кумитаи олимпӣ дар бораи омодагии дастаи олимпии мамлакат ба бозиҳои олимпии Лондон — 2012 гузориши муфассал пешниҳод намуд. Шӯро нисбат ба масъалаҳои баррасигардида қарори дахлдор қабул намуд. Қарор дода шуд, ки дар назди Кумитаи олимпӣ фонди дастгирии олимпичиён созмон дода шавад. Ба фонди мазкур дар қатори вазорату идораҳои дахлдор, корхонаҳои саноатӣ, бонкҳо, инчунин ширкатҳои тиҷоратӣ, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва шахсони алоҳида метавонанд аъзо шаванд.Имкониятҳои фонди мазкур барои рушди ҳаракати олимпӣ дар кишвар, пешрафти варзиш, дастгирии варзишгарон, омодагӣ ва иштироки онҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ равона мегардад.

Ноябрь 22, 2011 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад