Таъсиси «Осмони беғубор»
Душанбе, 15 ноябр.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои соҳибкори хуҷандӣ Муяссара Сангинова, аввалин таҳкурсии корхонаи сӯзишвории дизелӣ аз партовҳо дар километри даҳуми шаҳри Хуҷанд гузошта шуд. Бо қарори ҳукумати шаҳри Хуҷанд нақшаи сохтмон пурра муайян шудааст. Мутахассисон корхонаи истеҳсоли сӯзишвории дизелиро дар назди партовгоҳи шаҳр, ки беш аз 20 гектарро дар бар мегирад, қобили қабул донистанд. Барои истеҳсоли сӯзишвории дизелӣ таҷҳизоти олмонии синтези катализатории сӯзишвории дизелӣ (КСД — 500) истифода мешавад.Ба гуфти М. Сангинова, тавассути ин таҷҳизот дар як соат аз партовҳо то 1,5 ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ истеҳсол намудан мумкин аст. Тахмин меравад, ки корхонаи партовҳои шаҳри Хуҷанд барои 50 сол маводи истеҳсолӣ дорад. Баробари ҷамъоварии партовҳои ҳаррӯза мӯҳлати истифодаи он ду баробар афзуда ва ин таҷҳизотро дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки партовгоҳ доранд, истифода кардан мумкин аст. Муҳим он аст, ки маводи истеҳсолшуда аз ҷиҳати экологӣ безарар ва арзон хоҳад буд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






