Татбиқи лоиҳаи «Сафар ва бозомӯзӣ барои роҳбарони ҷавони минтақаи Аврупо ва Осиё»
Пекин, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). -Тавре иттилоъ додем, Шӯрои ҷавонони Созмони Ҳамкории Шанхай, Федератсияи ҷавонони умумии Чин ва Иттифоқи Коммунистии Ҷавонони Чин ба манзури расонидани мадад ба таҳкими ҳамбоварӣ ва дӯстии байни роҳбарони ҷавони минтақаи Аврупою Осиё ва мусоидат ба табодули байналмилалӣ ва ҳамкории созмонҳои ҷавонон аз 23 ноябр то 6 декабри соли 2011 дар Чин лоиҳаи «Сафар ва бозомӯзӣ барои роҳбарони ҷавони минтақаи Аврупо ва Осиё»-ро созмон додааст. Дар чаҳорчӯби ин лоиҳа дар шаҳри Пекин вохӯрию ҷамъомадҳо доир мегарданд ва дар онҳо масъалаҳои вазъияти умумии Чин, муносибатҳо миёни Чин ва давлатҳои СҲШ, ҷараёни сиёсати чиноии ислоҳот ва ошкоргӯӣ, сӯҳбат бо соҳибкорони чиноӣ, донишҷӯёни хориҷӣ ва донишҷӯёни чиноӣ, кор бо ҷавонони чиноӣ ва созмонҳои ҷавонони чиноӣ, доир ба рушди расонаҳои нав ва идораи давлатӣ мавриди муҳокима қарор дода мешаванд.Ёдовар мешавем, ки дар ин чорабинӣ намояндагон аз Ҷумҳурихои Тоҷикистон Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Русия иштирок доранд.Меҳмонон ҳамчунин аз шаҳрҳои Чунсин ва Шанхай дидан карда, бо вазъи умумии сиёсӣ ва сиёсатмадорони шинохтаи Чин, созмонҳои ҷавонони кишвар ва кори онҳо бо ҷавонон, сиёсати дипломатии Чин ва вазъи рушди Созмони Ҳамкории Шанхай тавассути силсиламаърӯзаҳо, сӯҳбатҳо, мулоқот, таҳқиқот ва чорабиниҳои дигар шинос мешаванд ва лоиҳаи «Рушди Шӯрои ҷавонони Созмони Ҳамкории Шанхай»-ро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






