Таваҷҷӯҳи АМА ба сармоягузорӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 16 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр).- Намояндагони доираҳои тиҷоратӣ аз Аморати Муттаҳидаи Араб бо роҳбарии Шайх Аҳмад Абдуллоҳ аш- Шафар аз Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» дидан карданд.Дар ҷараёни табодули андеша бо роҳбари маъмурияти МОИ «Суғд» Анвар Ёқубов меҳмонон аз кулли дигаргуниҳое, ки тӯли ду соли охир дар дар ин ҷо ба амал омадаанд, иттилоъ ёфтанд. А. Ёқубов қайд намуд, ки то имрӯз тарзи татбиқи марҳала ба марҳалаи назорати гумрукӣ, бақайдгирии субъектҳои МОИ оғоз ёфта, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» дар таҳрири нав қабул шуда, оид ба таҳияи нақшаи кулли минтақаҳои озоди иқтисодӣ тадбирҳо андешида шудаанд. Лоиҳаҳои таъсиси маркази маҷмаавии хизматрасонии нақлиётӣ таҳия гардида ва таҳияи лоиҳаи таъсиси анҷуман-маркази намоишии байналмилалӣ оғоз хоҳад ёфт.Шайх Аҳмад Абдуллоҳ аш-Шафар қайд кард: «Дастоварду нишондиҳандаҳои шумо хушоянданд. Аммо алҳол кӯшиши фарогирии ҳама имкону ноимконҳоро кардан ҷоиз нест. Ба фатҳи қулла қадам ба қадам, зина ба зина муваффақ шудан мумкин аст. Вазъияти ҷаҳониро дарку эҳсос бояд кард. Имрӯз вазъи иқтисодиву молиявӣ дар саросари олам, хосса дар Аврупо боиси нигаронист. Ҳолати Юнон, Итолиёро бинед, чӣ миқдор қарз, сухан аз чандин миллиард меравад. Ин ҳолат мувофиқан ба нақшаҳои кори сармоягузорон таъсир мерасонад. Ҳар як сармоягузор кафолати ҳифзи садфоизаро аз ҷониби давлат, нақшаҳои дақиқ ва лоиҳаҳои мушаххасро мехоҳад».Вай иброз дошт, ки лоиҳаи дар мавриди таъсиси маркази маҷмаавии хизматрасонии нақлиётӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» таҳияшуда аз тарафи таҳқиқгарон ва мутахассисони ӯ мавриди омӯзиши амиқ қарор ёфт ва баҳои баландро соҳиб гардид. Аз ин лиҳоз ӯ ният дорад, ки бо мақсади баррасии дақиқи лоиҳа дар ҷояш моҳи январи соли оянда гурӯҳи мутахассисон ва лоиҳакашони худро фиристад.Аз маркази матбуоти маъмурияти шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки рӯзҳои наздик ташрифи намояндагони Бонки Рушди Осиё Ҳусейн Ҳайдар ва Вонҷин Сеол ба Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» дар назар аст. Онҳо бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти субъектҳои минтақа аз якчанд корхона, аз ҷумла корхонаи муштараки «Скорут-Тоҷ» дидан хоҳанд кард. Ҳадаф аз сафари эшон мавриди назар қарор додани нерӯи барқи алтернативист.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






