Таваҷҷӯҳи Президент ба навсозии роҳҳои манотиқи кишвар

Ноябрь 30, 2011 11:38

Душанбе, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Барномаи нави сармоягузорӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ барои солҳои 2012-2014 бо ҷалби беш аз 15 миллиард доллари амрикоӣ татбиқи зиёда аз 100 лоиҳаро дар назар дорад. Ин Барнома 29 ноябр дар маҷлиси навбатии Ҳукумати мамлакат тасдиқ гардид. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар ин барнома ҷалби сармоягузорӣ ба навсозии роҳҳои мошингарди Хуҷанд-Исфара, Айнӣ-Панҷакент, Ҳамадонӣ-Фархор-Панҷ, Восеъ-Темурмалик, Кўлоб-Ховалинг, Данғара-Темурмалик-Балҷувон-Ховалинг ва ҳамчунин бунёди мактабу шифохонаҳои нав ва дигар иншооти иҷтимоӣ ба назар гирифта шавад.Дар маҷлиси Ҳукумат ҳамчунин як қатор барномаҳои дигар, аз ҷумла, Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2012-2013 тасдиқ шуд. Тибқи ин барнома дар давоми 2 соли оянда дар кишвар бояд наздики 250 ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё шаванд ва беш аз 27200 нафар бекор ба ҳунаромўзӣ ҷалб гарданд. Ҳамчунин ҷудо намудани 5,8 миллион сомонӣ барои додани қарзҳои хурди имтиёзӣ ба шаҳрвандони бекор барои ташкили соҳибкорӣ дар назар дошта шудааст. Дар маҷмўъ барои татбиқи босамари ин барнома харҷи беш аз 25,2 миллион сомонӣ пешбинӣ мешавад.

Ноябрь 30, 2011 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид