Таваҷҷӯҳи раиси шаҳр ба соҳаи тандурустӣ
Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Беморхонаи клиникии рақами 1-и ба номи Султон Ӯрунов аз куҳантарин муассисаҳои табобатии шаҳри Хуҷанд маҳсуб мешавад. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов 22 ноябр бо мақсади ҳалли масъалаҳои марбут ба беҳдошти хизматрасонии тиббӣ аз беморхонаи шаҳрӣ боздид ба амал оварда, бо фаъолияти шӯъбаҳои муолиҷавӣ, ташхисгоҳҳо, вазъи омодагӣ ба зимистон, имкониятҳои таҷдиди техникии бахшҳои муолиҷавию ташхисӣ ва таъминот бо таҷҳизоти навтарини тиббӣ ошно гашт.Аз маркази матбуоти маъмурияти шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки раиси шаҳр ба масъулин супориш дод, ки қисматҳои таъмирталаби биноҳои асосиро ҳарчӣ зудтар таъмиру тармим намуда, ҳамчунин барои хариди таҷҳизоти ташхисию табобатии зарурӣ бо ҷалби сармояҳои дохилию хориҷӣ таклифҳо пешниҳод шаванд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






