Тоҷикистон ба Анҷуман омода мешавад
Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). -Бо мақсади баррасии масъалаҳои ташкилии иштироки ҳайати ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анҷумани байналмилалии оид ба самаранокии кӯмаки беруна, ки дар шаҳри Бусани Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ рӯзҳои 27-28 ноябри соли 2011 баргузор хоҳад гардид, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Давлаталӣ Саидов бо роҳбари Бонки Рушди Осиё дар Тоҷикистон Ҷоҷи Токешӣ, ки яке аз созмонҳои ташкилотчии Анҷумани зикршуда ба ҳисоб меравад, мулоқот кард.Д. Саидов ва Ҷоҷи Токешӣ масъалаҳои ташкилии сафари ҳайати Тоҷикистон ба шаҳри Бусан ва нақшаи минбаъдаи иштироки ҳайат дар сессияҳои Анҷуман бо назардошти баргузории вохӯриҳо бо иштирокчиёни сатҳи баланди Анҷуманро мавриди баррасӣ қарор доданд. Айни замон саҳифаи махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сайти расмии Анҷумани байналмилалии оид ба самаранокии кӯмаки беруна дар шаҳри Бусан кушода шудааст, ки дар худ маълумоти зарурӣ оид ба ҷараёни истифодаи кӯмаки беруна дар Тоҷикистон ва ҳамоҳангсозии истифодаи самараноки он дар мамлакатро омода ва ҷой додааст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






