Валентин Иванов дар хотираҳо хоҳад монд.
Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев). – Яке аз мураббиёни беҳтарини Иттиҳоди Шӯравӣ ва бозингари шӯҳратёр Валентин Иванов аз дунё чашм пӯшид. Ӯ тақдири худро ба дастаи «Торпедо»-и Маскав пайваста дар ҳайати он 286 бозӣ карда, ба дарвозаи ҳарифон 124 гол задааст. Дар ҳайати дастаи мунтахаби Иттиҳоди Шӯравӣ 26 маротиба тӯбро вориди дарвозаи ҳарифон гардонида, аз рӯи ин нишондиҳанда баъди Олег Блохин ва Олег Протасов ҷой гирифт. Чемпиони Иттиҳоди Шӯравӣ ва соҳиби ҷоми он кишвар дар соли 1960, чемпиони бозиҳои олимпӣ дар соли 1956, барандаи ҷоми Аврупо дар соли 1960, соҳиби медали нуқраи ҷом дар соли 1964, иштирокчии чемпионатҳои ҷаҳон дар соли 1958 ва 1962, нишонзани беҳтарини чемпионати ҷаҳон дар соли 1962 буд. Валентин Иванов ба ҳайси сармураббии дастаи «Торпедо»-и Маскав панҷ маротиба кор кардааст. Як маротиба чемпиони СССР ва се маротиба ҷоми онро ба даст овардааст.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






