Варзишгоҳи «Тоҷикстандарт» таэкван-дочиёнро ба ҳам меорад
Душанбе, 2 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 5-6 ноябри соли равон бахшида ба таҷлили 17-умин солгарди Рӯзи Конституция (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмааи варзишии навбунёди Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» воқеъ дар маҳҳалаи Якачинори шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии таэкван-до миёни наврасон баргузор мегардад. Аз маркази матбуоти Агентии «Тоҷикстандарт» ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ин мусобиқа таэкван-дочиёни синни 12-18-сола (ҳам духтар ва ҳам писар) аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ширкат меварзанд. Ташкилкунандаи мусобиқаи мазкур Федератсияи таэкван-дочиёни Тоҷикистон буда, он бо дастгирии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати ҶТ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва ширкати «Мегафон-Тоҷикистон» роҳандозӣ мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






