Вазъи омодагӣ ба зимистон баррасӣ шуд

Ноябрь 26, 2011 09:57

Хоруғ, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Зимистони имсола ба Бадахшон барвақт омада ва аз ин лиҳоз маъмурияти ҳамаи идораю муассисаҳои вилоят саъю кӯшиш доранд, ки ба он комилан омода бошанд. Тибқи ахбороти муовини сардори Сарраёсати молияи вилоят Мирзоҷон Мирзоҷонов, соли равон аз буҷаи вилоят барои хариди ангишту ҳезум ва дигар манбаъҳои гармидиҳӣ барои соҳаҳои бахши иҷтимоӣ ва дигар идораву муассисаҳо 5 миллиону 139 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, вале ин маблағҳо на ҳама вақт оқилона истифода мешаванд. Сарраёсати молияи вилоят вазифадор гардид, ки вазъи истифодаи мақсадноки маблағҳои барои омодагӣ ба зимистон ҷудошударо ба таври дақиқ санҷад.

Ноябрь 26, 2011 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд