Вазъи тақсимоти замини наздиҳавлигӣ дар Суғд

Ноябрь 2, 2011 15:26

Душанбе, 2 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Масъалаи тақсими замини наздиҳавлигӣ дар вилояти Суғд дар ҷаласаи фаъолони вилоят, ки таҳти раёсати раиси вилоят Қоҳир Расулзода ва бо иштироки раисони шаҳру навоҳӣ, роҳбарони сохторҳои воҳидӣ, раисони шаҳраку ҷамоатҳо, кумитаҳои заминсозӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҷаласа муовини раиси вилоят Аҳмадҷон Қобилов оид ба вазъи  тақсимоти замини наздиҳавлигӣ дар вилоят то ба санаи 1 ноябри соли 2011 маълумот дод.Мавсуф зикр намуд, ки бо назардошти бартарии мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта барои таъмини аҳолии эҳтиёҷманди шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 10 ҳазор гектар заминҳои корами лалмӣ, чарогоҳ ва дар кишоварзӣ истифоданашаванда барои замини наздиҳавлигӣ  ҷудо гардид.Ба мақомоти маҳаллӣ то ба имрӯз дар миқёси  вилоят 123649 ариза ворид шуда, баъди баррасии онҳо 99641 оила ҳамчун эҳтиёҷманд   ба навбат гирифта шуданд.Мувофиқи таҳлили комиссияи кории ҷамоатҳо ва шаҳру ноҳияҳо, бинобар ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷудо намудани замин номувофиқ буданашон 18070 ариза рад карда шудааст. Таҳлилҳо собит намуданд, ки то ба имрӯз дар вилоят ба 53346 нафар оила мувофиқи қарори мақомот замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шудааст, ки 53,6 %-и шаҳрвандони эҳтиёҷмандро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар ноҳияи Ғончӣ ва шаҳри Истаравшан то имрӯз ҳамагӣ мутаносибан 47-56 фоизи аҳолии эҳтиёҷманд бо замин таъмин гардиданду халос. Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бошад, ба ягон шаҳрванд сертификат дода нашудааст. Раиси вилоят ба фаъолияти комиссияи ҷамъиятии вилоятӣ эроди ҷиддӣ гирифт ва таъкид дошт, ки аъзоёни комиссия бояд хулосаи зарурӣ  бароварда, барои бартараф намудани камбудиҳо чораҳои мушаххас андешанд ва фаъолияти худро дар ин самт ҷоннок намоянд. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа барои роҳ додан ба камбудиҳои ҷиддӣ дар тақсимоти замини наздиҳавлигӣ ба раиси шаҳри Панҷакент «танбеҳ», ба раисони шаҳрҳои Истаравшану Исфара «огоҳӣ», ба муовинони раисони ноҳияҳои Истаравшану Исфара «танбеҳ», ба муовинони раисони ноҳияҳои Ғончӣ ва Мастчоҳ «огоҳӣ» эълон гардида, муовини раиси шаҳри Панҷакент оид ба соҳаи кишоварзӣ аз вазифа сабукдӯш карда шуд. Ҳамчунин ҷиҳати чораҷӯӣ намудан ба раисони кумитаҳои заминсозии шаҳрҳои Исфара ва Панҷакент дастур дода шуд.Раиси вилоят ба раисони шаҳру навоҳии вилоят дастур дод, ки то санаи 15 декабр тақсимоти замини наздиҳавлигиро ба мардуми эҳтиёҷманд таъмин намуда, оиди ҷараёни корҳо дар ин самт ҳар даҳрӯза маълумот диҳанд. 

Ноябрь 2, 2011 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад