Вазъи таълим беҳтар мегардад
Шаҳринав, 10 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Дар ноҳияи Шаҳринав баҳри рушди соҳаи маориф тадбирҳои амалӣ меандешанд. Дар ноҳия маблағгузорӣ барои сохтмону барқарорсозии муассисаҳои таълимӣ сол то сол зиёд гардида, корҳои лоиҳакашӣ барои сохтмони як литсей дар маркази ноҳия барои 240 ҷойи нишаст ба итмом расид. Дар деҳоти «Сабо» сохтмони мактаби нав барои 320 ҷойи нишаст оғоз гардид. Дар назди мактабҳо 39 синфхонаи иловагӣ аз ҳисоби буҷа ва 4 синфхона ба таври ҳашар сохта шуд.Дар деҳаи Чиптураи боло аз ҳисоби соҳибкори саховатпеша Ҷӯрабек Сафаров мактаби нави замонавӣ лоиҳакашӣ шуда истодааст. Тавре ки мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Шаҳринав Абдуманнон Ғаниев иттилоъ дод, мақомоти иҷроия ва шӯъбаи маориф баробари бо бино ва таҷҳизоти ҳозиразамон таъмин кардани таълимгоҳҳо ба такмили ихтисоси омӯзгорону мураббиҳо вадар маҷмӯъ ба сифати таҳсил диққати ҷиддӣ медиҳанд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






