Вазнбардорӣ. Рекорди нави ҷаҳон.

Ноябрь 14, 2011 16:51

Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев). – Татяна Каширина, як бонуи вазнбардори рус дар чемпионати ҷаҳон оид ба вазнбардорӣ,ки дар Париж ҷамъбаст шуд, дар як зарб 147 килограммро бардошта, рекорди нави ҷаҳонӣ гузошт. Ба ин нигоҳ накарда аз рӯи ду намуди вазнбардорӣ ин варзишгар танҳо ба гирифтани мақоми дуввум қаноат ҳосил кард. Зинаи аввал ва унвони чемпионӣ ба Лулу Чжоуи чинӣ насиб гардид. Пойтахти чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук муайян гардид.Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев). – Пойтахти чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар соли 2017 ин ҳафта дар ҷаласаи Ассотсиатсияи байналмилалии варзиши сабук дар Монако эълон гардид. Бо қарори ин ҷаласа Лондон пойтахти чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар соли 2017 пазируфта шуд. Чемпионати ҷаҳон ҳар ду сол гузаронида шуда, соли 2013 дар Маскав ва соли 2015 дар Пекин баргузор мешавад.

Ноябрь 14, 2011 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад