Вохӯрии навбатии байни «Истиқлол» ва «Энергетик»
Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров ). – Имрӯз, 29 ноябр, дар варзишгоҳи «Авиатор» — и шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии байни дастаҳои футболи «Энергетик» ва «Истиқлол» баргузор мегардад. Тавре сомонаи клуби футболи «Истиқлол» хабар медиҳад, то имрӯз ин ду даста дар ҷойҳои сеюм ва чоруми ҷадвали мусобиқа қарор доранд. Ҳоло дастаи «Равшан» — и шаҳри Кӯлоб, ки баъди 37 бозӣ 86 хол дорад, пешсафи мусобиқа буда, дастаи «Регар» — «ТадАЗ» бо 77 хол ҷойи дуюмро ишғол менамояд. Қобили зикр аст, ки дастаҳои «Энергетик» ва «Истиқлол» дар мавсими соли ҷорӣ маротибаи панҷум бо ҳам вомехӯранд. Аз ин пеш дастаи «Истиқлол» дар се бозӣ ғолиб омада, як вохӯрӣ мусовӣ шуда буд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд






