Вуруди 29 ҳазору 704 тонна гази моеъ

Ноябрь 3, 2011 17:15

Душанбе, 3 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – То имрӯз дар тамоми ҷумҳурӣ 507 адад нуқтаи фурўши гази моеъ фаъолият дорад, ки назар ба соли гузашта 37 адад зиёд мебошад. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ иттилоъ доданд, ки аз тарафи соҳибкорони ватанӣ ба ҷумҳурӣ дар давраи ҳисоботӣ 29 ҳазору 704 тонна гази моеъ (ҶДММ «Тоҷирон» — 9012,4 тонна, Газпромнафт- Тоҷикистон -9954,0 тонна, ҶДММ «Зет — Газ» — 1838,0 тонна, ҶСП «Фароз» — 2173,8, соҳибкор Турсунов — 4550,0 тонна ва соҳибкор Ҳиҷибоев — 2175,8 тонна) ворид шудааст, ки назар ба соли гузашта 876 тонна зиёд мебошад.Аз рӯи иттилои манбаъ, дар нӯҳ моҳи соли равон  аз тарафи корхона ва соҳибкорони ватанӣ ба ҷумҳурӣ 333 ҳазору 567 тонна маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла 160 ҳазору 970 тонна бензин, 108 ҳазору 653 тонна сўзишвории дизелӣ,   45 ҳазору 154 тонна сўзишвории реактивӣ, 4    ҳазору  820 тонна мазут,  5 ҳазору 608 тонна битум, 8 ҳазору 350 тонна равғани молиданӣ ва дигар намуди маҳсулоти нафтӣ 12 тонна ворид шудааст.Бояд гуфт, ки миқдори маҳсулоти нафтӣ аз кишварҳои: Русия (278. 055 тонна (83,4%);  Қазоқистон (7. 363 тонна (2,3%); Туркманистон (40. 440 тонна (12,1%);  Қирғизистон, (1 813 тонна (0,5%); Ӯзбакистон (2. 725 тонна (0,9%); аз дигар давлатҳо (3. 171 тонна (0,8%) ворид гаштааст.

Ноябрь 3, 2011 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд