Захира барои фасли сармо
Кӯлоб, 1 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ф. Мадаминов). — Ҷамъияти матлуботи шаҳри Кӯлоб супоришҳои Сарвари давлат ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.09.2011 № 9 «Дар бораи тайёрӣ ва захираи маводи хӯрокӣ ва сӯзишворӣ ба фасли сармо»-ро дар амал татбиқ намуда, аз ҷумла то ин муддат 20 тонна орд, 79 тонна пиёз, 82 тонна картошка ва 150 тонна ангиштсанг захира намудаанд.
Ба замми ин ҷамъият барои вуруди маводи иловагӣ бо ноҳияҳои Шӯрообод, Ҷиргатол, вилояти Суғд шартномаҳо бастааст ва маҳсулот аз ин навоҳӣ дар аввали моҳи ноябр ба ҷамъияти матлубот оварда мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






