Занони пешқадам шаҳодатнома гирифтанд
Душанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих ). – Дар шаҳри Душанбе ба занони пешқадами Тоҷикистон барои иштироки фаъол ва саҳми назаррасашон ба кори Форуми иқтисодии занони Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, ки аз 18 то 21 июли соли равон дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор шуда буд, шаҳодатномаҳо супурда шуданд. Шаҳодатномаҳои дорои имзои ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт Блейки хурдиро Атташеи бахши фарҳанги Сафорати ИМА дар Тоҷикистон хонум Сандра Якобс бо иштироки ёвар оид ба масоили фарҳанги Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Маҳмуд Наимов ва раиси Маркази ҳуқуқи ғайритиҷоратии шаҳри Душанбе Муаттар Ҳайдарова супурд.Дар маросими супурдани шаҳодатномаҳо Муаттар Ҳайдарова аз мулоқоти ҳамоҳангсозони кишварҳои аъзои Форуми иқтисодӣ, ки аз 15 то 17 ноябр дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор гардид, мухтасар нақл кард. Аз ҷониби Тоҷикистон дар ин ҷамъомад Муаттар Ҳайдарова ва Сандра Якобс иштирок доштанд.Иштирокдорони Форуми иқтисодӣ аз Тоҷикистон иборат аз роҳбарони ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва ғайриҳукуматӣ аз кори мушаххасе, ки дар ҷараёни татбиқи лоиҳаҳо анҷом додаанд. нақл карданд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






