«Зарафшон» ғолиби лигаи якум
Душанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев). – Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаи якум бо ғалабаи тими «Зарафшон»-и шаҳри Панҷакент ба анҷом расид. Дар зинаи дуввум ва сеюм дастаҳои «Ҳосилот»-и Фархор ва «Сабо»-и Шаҳринав ҷой гирифтанд. Ду дастаи аввал барои ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷумҳурӣ байни дастаҳои лигаи олӣ дар соли 2012 роҳхат гирифтанд. Дар сурати зиёд кардани иштирокчиён дар чемпионати соли оянда ва ё аз нигоҳи молиявӣ даст кашидани ягон даста аз иштирок дар мусобиқаи мазкур дастаҳои «Сабо» ва «Ситора» имкон пайдо мекунанд, то ба қатори дастаҳои лигаи олӣ шомил шаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






