Зимистон дар мекӯбад
Рашт, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова).- Дар шӯъбаи тандурустии ноҳияи Рашт барои зимистонгузаронӣ 173 тонна ангишт, 177 метри кубӣ ҳезум ва 3750 литр сӯзишвории дизелӣ захира шудааст.Роҳбарони муассисаҳои фарҳангии ноҳия низ ба масъалаи зимистонгузаронӣ диққати ҷиддӣ дода, то ин муддат 55,5 тонна ангишт ва 28 куб ҳезум захира кардаанд. Корҳо дар кони ангишти «Назарайлоқ» нисбат ба солҳои пешин хуб ба роҳ монда шуда, мардум бо ангишти хушсифат таъмин мегарданд. То имрӯз дар ин кон зиёда аз 17 ҳазор тонна ангишт истеҳсол шудааст. Дар кони «Кафтархона» 2500 тонна ангишт истеҳсол шудааст.Дар идораи таъмиру истифодабарии роҳҳои ноҳия барои таъмини ҳолати хуби истифодаи роҳҳо дар фасли зимистон 760 метри мукааб маводи зидди лағжиш захира шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






