Ғалабаи таэквандочиёни тоҷик
Душанбе, 1 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Тавре ки аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, таэквандочиёни тоҷик Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов аз рӯи ин намуд, ки намуди олимпӣ мебошад, аз мусобиқаи қитъавӣ бо роҳхати олимпӣ бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ ба Ватан баргаштанд.Дар фурудгоҳ варзишгаронро масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ, Кумитаи олимпӣ, Федератсия ва мухлисон дар рӯҳияи тантанавӣ пешвоз гирифтанд.Ҳамзамон варзишгаронро раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ — раиси Федератсияи таэквандо (ВТФ ) Маликшо Неъматов ба ҳузур пазируфта, онҳоро бо ин ғалабаи варзишӣ шодбош гуфт ва ба онҳо аз номи президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ тӯҳфаи молиявӣ супорид. Ёдовар мешавем, ки то имрӯз чор нафар варзишгари тоҷик, аз ҷумла Дилшод Назарови гурзпарто, Анвар Юнусови боксчӣ, Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов аз намуди таэквандо роххати олимпии Лондон 2012-ро ба даст овардаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






