Қаҳрамонҳои афсонавӣ ба базм шукӯҳ бахшиданд
Душанбе, 30 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ба истиқболи соли нави мелодии 2012 бо иқдоми шаҳрдории Душанбе дар толори Сирки давлатӣ барномаи ҷолиби идонаи солинавӣ барои бачаҳои болаёқат, тарбиятгирандагони хона-интернатҳо ва боғчаҳо ташкил карда шуд. Бачаҳоро бо фарорасии соли нави мелодии 2012 аз номи раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев муовинаш Санавбар Раҳимова табрик намуда, ба онҳо тандурустӣ, осмони соф, интизоми намунавӣ ва хониши аъло таманно намуда, тӯҳфаҳо тақдим кард. Ҳамзамон бачаҳоро бо омад -омади соли нави 2012 Бобои барфию Барфак шодбошу таҳният гуфта, хушиҳои дунёро таманно карданд. Барномаи рангину хотирмони солинавӣ дар таҳияи коргардони хушсалиқа Набӣ Ҷалолов рӯҳияи бачаҳоро шоду болида гардонд. Хусусан, суруду рақсҳои гурӯҳҳои рақсию овозӣ ва ғунчаҳои санъати марказҳои фарҳангии пойтахт, ҳунарнамоии дорбоздухтарон, қаҳрамонҳои афсонавӣ, ҳайвонҳои ромшуда ба мисли хирсаку маркаб ва бузича ба базми идонаи бачаҳо шодиву сурур ва шукӯҳи беандоза бахшиданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






