Қатъ гардидани ваколати аъзои парлумон
Душанбе, 15 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ваколати се нафар узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Муним Холиқов, Мансур Қодиров ва Мирзодавлат Сабуров пеш аз мӯҳлат қатъ карда шуд. Дар ин хусус 15 декабр дар иҷлосияи ҳафтуми палатаи болоии парлумони мамлакат қарорҳои марбута қабул гардиданд. Ба истеъфо рафтани онҳо пеш аз мӯҳлат ба қатъ гардидани ваколати аъзои Маҷлиси миллӣ вобаста мебошад, зеро қаблан Муним Холиқов дар вазифаи раиси шаҳри Истаравшан, Мансур Қодиров, раиси ноҳияи Рӯдакӣ ва Мирзодавлат Сабуров дар вазифаи раиси ноҳияи Панҷ фаъолият мекарданд. Вобаста ба қатъ гардидани ваколати аъзои Маҷлиси миллӣ -Муним Холиқов, Мансур Қодиров ва Мирзодавлат Сабуров онҳо аз ҳайати кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ гардиданд. Бо қарори иҷлосияи Маҷлиси миллӣ Нуриддин Саидов, ки ҳамзамон узви палатаи болоии парлумони мамлакат ва ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма ва равобити байнипарлумонӣ интихоб гардид. Қаблан Муним Холиқов ин кумитаро сарварӣ мекард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






