Қонун волотар аз ҳама манфиатҳост
Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Маркази матбуоти Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди боздоштани фаъолияти масҷиди ҷомеи «Халифа Абдукарим”, воқеъ дар деҳаи Дӯстии ноҳияи Ваҳдат чунин иттилоъ медиҳад:Дар масҷиди ҷомеи “Халифа Абдукарим” воқеъ дар деҳаи Дӯстии шаҳри Ваҳдат ҳангоми намозгузорӣ дар таърихи 2 декабри соли равон ба вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ва низомномаи масҷид роҳ дода шуд. Аз ин хотир субҳи 9 декабр бо дастрасии қисми 1 моддаи 31-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ба масҷиди мазкур огоҳинома фиристода ва барои ислоҳи камбудиҳо мӯҳлат муқаррар карда шуд.Баъди супоридани огоҳинома, вақте ки гурӯҳи кории ҳукуматӣ дар ҳайати раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Ғ. Холиқов, раиси Шӯрои уламои динии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррами Абдуқодир, раиси шаҳри Ваҳдат Анвари Вайсиддин ҳангоми омодагӣ ба намози ҷумъаи рӯзи 9 декабр барои назорати ҷараёни намози ҷумъа вориди саҳни масҷид гардиданд, намозгузорон ва роҳбарияти масҷид талаботи қонунгузорӣ ва Низомномаи масҷидро риоя накарда, дар ҳаққи раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррами Абдуқодирро таҳқир кардан два нисбат ба қонунҳои кишвар ва сиёсати давлатӣ ҳарфҳои носазо гуфтанд.Роҳбарияти масҷид ва намозгузорон бо ин рафтори худ талаботи қисмҳои 1.1, 1.2,1.3 ва 4.4-и Низомномаро вайрон карданд.Аз ин хотир Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таърихи 10 декабр огоҳиномаи дуюмро ба унвони роҳбарияти масҷиди мазкур ирсол намуда, тибқи талаботи қонун ҳайати муассисонро ба Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли масъалаи мазкур даъват намуд.12 декабр ҷаласаи васеъи ҳайати муассисони масҷиди мазкур дар ҳузури роҳбарияти Кумита баргузор шуд. Ҳайати муассисон доир ба омилҳои вайрон намудани талаботи Низомнома ва қонун андешаҳои худро баён карданд.Пас аз баррасии ҳолати мазкур нисбат ба вайрон кардани талаботи Низомнома ва қонун дар рӯзи 2 ва 9 декабр роҳбарияти Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмимоти худро мутобиқ ба талаботи қисмҳои 1 ва 3 моддаи 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” роҷеъ ба боздоштани фаъолияти масҷид ба мӯҳлати 3 моҳ баён намуд.Ҳозирин қарори мазкурро дастгирӣ намуданд. Ба хотири осон намудани иҷрои фароизи динии шаҳрвандон дар ҷамоати мазкур ба адои намози панҷвақта дар масҷид иҷозат дода, ба масҷидҳои панҷвақтаи Ваҳдатобод 2 ва 3, ки дар ҷамоати деҳоти мазкур ҷойгир шудаанд, адои намози ҷумъа иҷозат дода шуд. Ҳамзамон аз ҷониби муассисин Вайсиддин Қурбонов барои иҷрои вазифаи имоми намози панҷвақтаи масҷиди «Халифа Абдукарим» пешниҳод шуд ва аз ҷониби Кумита дастгирӣ ёфт.








Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст






