Қосим Қосимов бо Ҳилел Нюман вохӯрд

Декабрь 15, 2011 17:11

Душанбе, 15 декабр. АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Дирӯз дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов бо намояндаи фавқулоддаи Сафорати Давлати Исроил ҷаноби Ҳилел Нюман доир гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ вазири кишоварзӣ аз ҳамкориҳои дуҷониба миёни Вазорати кишоварзӣ ва давлати Исроил изҳори қаноатмандӣ намуд.Зимни вохӯрӣ тарафҳо перомуни масъалаҳои истифодаи низоми обёрии каммасраф, истифодаи тухмиҳои баландсифат дар соҳаи кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, ҷалби мутахассисон ба курсҳои кӯтоҳмуддат ва миёнамӯҳлат гуфтугӯи судманд анҷом доданд. Ҷаноби Ҳилел Нюман пешниҳод намуд, ки ҷониби Тоҷикистон дар намоишгоҳи соҳаи кишоварзӣ, ки дар Давлати Исроил баргузор гардида ва дар он беҳтарин технологияҳои коркарди маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ба маърази намоиш гузошта мешаванд, иштирок намояд.Ёдовар мешавем, ки давлати Исроил дар доираи ҳамкориҳо баҳри рушди соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муносиб дорад. Аз соли 2009 инҷониб давлати Исроил дар соҳаҳои растанипарварӣ, чорводорӣ ва омӯзиши мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ҳамкорӣ менамояд. Ҳамкориҳо доир ба рушди соҳаи кишоварзӣ дар доираи лоиҳаи Агентии Шведсия оид ба рушди байналмилалӣ (SIDA) ва ширкати исроилии «Аgridera» сурат мегиранд. Бо дастгириии лоиҳаи мазкур 3 навъи тухмии пахтаи Аг-236, АГ-056 ва АГ-103 барои озмоиш ба Комиссияи давлатии навъсанҷии вазорат пешниҳод шуд.

Декабрь 15, 2011 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад