Қ. Расулзода ба вакилон ҳисобот медиҳад
Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 21 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати IV баргузор мегардад.Аз хадамоти матбуоти раиси вилоят ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар иҷлосия ҳисоботи раиси вилояти Суғд оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ёздаҳ моҳи соли равон, ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоят оид ба масъалаҳои сиёсати сармоягузорӣ шунида шуда, масъалаи қабули буҷети иловагии вилоятӣ барои соли 2011 ва буҷети вилоят барои соли 2012 мавриди баррасӣ қарор мегирад.Ҳамчунин, масъалаи номгузории иншооти физикию ҷуғрофӣ мавриди муҳокимаи вакилон қарор хоҳад гирифт.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






