Ҳайати Тоҷикистон дар форуми роҳбарони ИДМ
Душанбе, 28 декабр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Ҳайати Тоҷикистон, ки дар Форуми «Ҷавонони ИДМ — ояндаи дипломатияи ҷамъиятӣ» дар шаҳри Маскав иштирок дошт, зимни мулоқот бо муаллимон, донишҷӯён, намояндагони аҳли ҷамъияти пойтахт таассуроташро баён намуд. Мулоқот 26 декабр дар маркази илму фарҳанги Русияи Намояндагии ҳамкории Русия дар Тоҷикистон сурат гирифт.Ҳайати вакилон дар форуми роҳбарони кишварҳои Иттиҳод иборат аз роҳбарони иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон, аъзои Иттифоқҳои нависандагону рассомон, муаллимон, журналистон, таърихшиносон ва мутахассисони соҳаи фарҳанг буд. Роҳбарони ҷавонон имкон доштанд, ки аз рӯи ҳамаи ҷиҳатҳои ҳамкориашон ба таври ошкоро табодули афкор намоянд. Дар форум роҳбарони Вазорати корҳои хориҷии Русия ва Намояндагии ҳамкории Русия, сафирони кишварҳои аъзои ИДМ, роҳбарони Шӯрои оид ба корҳои байналмилалии Русия низ ширкат доштанд.Иштирокдорони форум пешниҳод намуданд, ки системаи мубодилаи иттилооти байни созмонҳои ҷамъиятӣ, ҳамчунин мутахассисони бахши илму фарҳанги кишварҳои ИДМ таъсис дода шавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






