Ҳамкории донишгоҳҳои омӯзгорӣ
Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Омӯзгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Тулаи Русия тайи як моҳ меҳмони ҳамтоёни худ – муаллимону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буданд. Омӯзгорони Донишгоҳи Тула дар ин давра машғулиятҳои семинарӣ доир намуда, бо фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ шинос шуданд. Баъди анҷоми сафари ҳайати омӯзгорони Тула лоиҳаи шартномаи ҳамкории байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тула ба номи Л.Н.Толстой ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ таҳия гардид, ки дар он татбиқи тадбирҳои муштарак ҷиҳати роҳандозии тадқиқоти илмӣ, илмию методӣ ва маърифатӣ пешбинӣ гардидааст.Мувофиқи суханони декани филологияи русӣ, номзади илми педагогӣ, дотсент Маҳмадулло Раҷабов, дар Тоҷикистони имрӯза равобити байналмилалӣ аҳамияти зиёде пайдо мекунанд. Дар робита бо ин, ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва, пеш аз ҳама, ба омӯзиши забони русӣ аҳамияти бузург дода мешавад, зеро Русия шарики таърихию стратегии Тоҷикистон буда, тарбияи мутахассисони ҷавон ҷузъи муҳими сиёсати умумидавлатии ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад. Дар ин бора муовини декани факултаи филологияи русии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Ренат Сайфиддинов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






