Ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон дар бахши ҳолатҳои фавқулодда

Декабрь 22, 2011 14:29

Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова ). – Ба қарибӣ раиси Раёсати умумимиллии мубориза бо офатҳои табиии Давлати Исломии Афғонистон Муҳаммаддоим Кукард ва директори Маркази миллии ҳамоҳангсозии мубориза бо офатҳои табиии Давлати Исломии Афғонистон Муҳаммадсайид Қозӣ аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании (КҲФ ва МГ) назди Ҳукумати ҶТ дидан карданд. Тавре дар маркази матбуоти КҲФ ва МГ ба АМИТ «Ховар» маълум гардид, мақсад аз ташрифи меҳмонон шиносоӣ бо фаъолияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ буд. Муҳаммаддоим Кукард ва Муҳҳамадсайид Қозӣ бо ниҳодҳои сохтории кумита шинос шуда ва аз рӯи натиҷаи мулоқот бо раиси КҲФ ва МГ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Латипов созишномаи ҳамкорӣ дар бахши ҳолатҳои фавқулодда имзо гардид.

Декабрь 22, 2011 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад