Ҳамкории Тоҷикистону Белгия густариш меёбад
Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини раиси палата Лариса Кислякова бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Белгия Даниел Бертран баргузор гардид.Тавре ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, мақсад аз мулоқот иттилоъ додани сафир аз Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО – 2017 дар кишвари Белгия мебошад. Чунонки маълум аст, Белгия ва Қазоқистон барои дар кишварҳояшон доир намудани ин намоишгоҳ иддао доранд.Мувофиқи суханони манбаъ, дар ҷараёни мулоқот масоили рушди ҳамкории дуҷониба мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Л.Кислякова пешниҳод намуд, ки ба манзури аз муҳити тиҷоратии Белгия бештар воқиф намудани соҳибкорони тоҷик семинари махсус доир карда шавад. Дар анҷоми мулоқот дар мавриди табодули ахбороти дорои хусусияти иқтисодӣ ва доир намудани семинари аҳли тиҷорат мувофиқа шуд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд






