Ҳолати истифода ва ҳифзи замин дар Суғд

Декабрь 28, 2011 15:43

Душанбе, 28 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Гурӯҳи кории вилоятӣ дар Суғд ҳолати самаранок ва оқилона истифода бурдани заминро дар шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ, Ашт, Исфара, Конибодом, Ҷ.Расулов, Б.Ғафуров, Зафаробод ва Спитамен мавриди санҷиш қарор дод. Санҷиш нишон дод, ки дар вилоят ҳолати мелиоративии 2774 гектар замин беҳтар гардида, 1 526,3 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шудааст. Бояд гуфт, ки майдони умумии заминҳои вилоят 2518536 гектар буда, аз ҷумла заминҳои обӣ 284196 га, мазраъ 234354 га, обӣ 172430 га, майдони дарахтҳои бисёрсола ҳамагӣ 65091 га, аз он боғот 49894 га, токзор 11835 га, майдони парвариши ниҳолҳо 103 га — ро ташкил медиҳанд.Ҳамчунин бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши нозирони шаҳру ноҳияҳо тибқи нақшаи дарсҳои бозомӯзии тасдиқшуда омӯзишҳо дар мавзӯи истифода ва ҳифзи замин гузаронида шуд. Дар маҷмӯъ, соли 2011-ум 28 семинар оид ба мавзӯи истифодаи оқилонаи замин дар шаҳру ноҳияҳои вилоят доир гардид.

Декабрь 28, 2011 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад