Ҳолати истифода ва ҳифзи замин дар Суғд
Душанбе, 28 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Гурӯҳи кории вилоятӣ дар Суғд ҳолати самаранок ва оқилона истифода бурдани заминро дар шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ, Ашт, Исфара, Конибодом, Ҷ.Расулов, Б.Ғафуров, Зафаробод ва Спитамен мавриди санҷиш қарор дод. Санҷиш нишон дод, ки дар вилоят ҳолати мелиоративии 2774 гектар замин беҳтар гардида, 1 526,3 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шудааст. Бояд гуфт, ки майдони умумии заминҳои вилоят 2518536 гектар буда, аз ҷумла заминҳои обӣ 284196 га, мазраъ 234354 га, обӣ 172430 га, майдони дарахтҳои бисёрсола ҳамагӣ 65091 га, аз он боғот 49894 га, токзор 11835 га, майдони парвариши ниҳолҳо 103 га — ро ташкил медиҳанд.Ҳамчунин бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши нозирони шаҳру ноҳияҳо тибқи нақшаи дарсҳои бозомӯзии тасдиқшуда омӯзишҳо дар мавзӯи истифода ва ҳифзи замин гузаронида шуд. Дар маҷмӯъ, соли 2011-ум 28 семинар оид ба мавзӯи истифодаи оқилонаи замин дар шаҳру ноҳияҳои вилоят доир гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






