Ҳолати мелиоративии 7 ҳазор гектар замин беҳтар мегардад
Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Вазъи мелиоративии заминҳои кишти ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд боиси нигаронии мутахассисони соҳа гардидааст. Ба иттилои Раёсати кишоварзии ноҳияи мазкур, кормандони соҳа тавонистанд, то ҳолати мелиоративии 1615 гектар замини ботлоқро тавассути тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо беҳ созанд.Тибқи маълумоти манбаъ, дар давоми беш аз 80 соли ба истифода додани замин, бо сабаби тоза нашудани заҳбуру заҳкашҳо садҳо гектар ба ботлоқ табдил ёфта, аз ҳосил монданд.Бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ «Дар бораи тадбирҳои беҳсозии вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ барои солҳои 2010 – 2о14» бо харҷи 1,5 млн. сомонӣ ҳолати мелиоративии 1615 гектар замини обӣ беҳ гардид. Дар айни замон ҳолати мелиоративии 7 ҳазор гектар замин беҳбудӣ мехоҳад.Бо дастури Сарвари давлат барои татбиқи босамар ва саривақтии ҷиҳати беҳсозии мелиоративии 7 ҳазор гектар замини ноҳия аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ маблағ ҷудо карда мешавад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






