Ҳукумат лоиҳаҳои санадҳои меъёриро маъқул ёфт

Декабрь 5, 2011 11:20

Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Ҳукумати Тоҷикистон дар иҷлосияи худ лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро маъқул ёфт. Ин санадҳо аз боҷи гумрукӣ ва андози арзиши изофӣ озод намудани таҷҳизоту технологияҳои дар асосии лизингӣ харидшударо озод менамояд. Лоиҳаҳои зикршуда вақтҳои наздиктарин ҷиҳати баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мешаванд. Аз ин пеш аъзои Шӯрои машваратӣ масъалаи аз байн бурдани монеаҳои рушди хизматрасонии лизингиро ба миён гузошта буданд. Ба фикри намояндагони бахши инфиродӣ, тартиби мавҷудаи пардохти андози арзиши изофӣ ва боҷи гумрукӣ ҳангоми ворид намудани таҷҳизот сади ҷиддии роҳи рушди бозори хизматрасонии лизингӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Танҳо тайи ду соли охир теъдоди ташкилотҳои баҷооварандаи хизмати лизингӣ ба таври назаррас коҳиш ёфта ва таносубан ҳаҷми фаъолияти лизингӣ кам гардид. Қобили зикр аст, ки тайи се – чор соли охир намояндагони бахши инфиродӣ масъалаи озод намудан аз боҷи гумрукӣ ва андози арзиши изофиро борҳо ба миён гузошта буданд, вале он то имрӯз ҳал нашудааст.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» мушовири Котиботи Шӯрои машваратӣ Азиза Мавлонова хабар дод.

Декабрь 5, 2011 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад