Ҷаласаи 9-уми гурӯҳи машваратии сатҳи сиёсии Паймони Парих

Декабрь 14, 2011 17:12

Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Масълаҳои асосҳои ҳуқуқӣ ва ҳамкориҳои байнисарҳадӣ, муқобилият ба муомилоти ғайриқонунии прекурсорҳо, барномаҳои минтақавии Паймони Париж, ташаббуси Паймони Париж, Марҳилаи III фаъолиятҳои оянда дар ҷаласаи 9-уми гурӯҳи машваратии сатҳи сиёсии Паймони Париж, ки 7-8 декабри соли равон дар шаҳри Вена баргузор гардида буд, дар доираи лоиҳа мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар кори он Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назаров ширкат намуд.Дар ҷаласа намояндагони 41 давлат ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Раёсати СММ оид ба маводи нашъовар ва ҷинояткорӣ, Иттиҳоди Аврупо, СҲИ, МИММОҲОМ, INCB, САҲА ва ғайра иштирок доштанд. Ҳамчунин Директори Агентии мазкур Р. Назаров дар ҷаласаи пӯшидаи сарварони сохторҳои зиддимухаддиротии Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Эрон, Покистон ва Тоҷикистон, ки дар он «Барномаи нави Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ» ва “Барномаи минтақавии дастгирии кӯшишҳои мубориза бо маводи мухаддири тавлиди Афғонистон ва мамлакатҳои ҳамсоя дар солҳои 2011-2014” муҳокима шуданд, иштирок намуд.Тавре ки аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, баъди он бо ширкати кишварҳои маблағгузори лоиҳа ва мамлакатҳои дахлдор, созмонҳои байналмилалӣ ҷаласаи васеи интерактивӣ доир гардид, ки дар поёни он Эъломияи муштарак дар бораи ниятҳои татбиқи лоиҳаи номбурда қабул гардид.Ҳамаи ҷаласаҳо таҳти раёсати ҷонишини Котиби Генералии СММ, директори иҷроияи Раёсати СММ Юрий Федотов сурат гирифтанд. Дар ҷаласаҳо оид ба масъалаҳои муҳокимашуда директори Агентӣ сухан гуфт.7 декабри соли равон мулоқоти дуҷонибаи ҳайати Тоҷикистон бо ҷонишини Котиби Генералии СММ, директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Ю. Федотов доир гардид, ки дар он Р. Назаров ба ширкаткунандагон дар мавриди вазъи мухаддиротӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи ҷараёни иҷрои лоиҳаҳои зиддимухаддиротӣ дар Тоҷикистон, дар мавриди натиҷаҳои ҳамкориҳои минтақавӣ ва пешниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои назорати маводи мухаддир дар солҳои 2012-2013 маълумот дод. Аз ҷониби худ Юрий Федотов ба ҳамкориҳои дуҷониба баҳои баланд дода, аз корҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пешгирии интиқоли мухаддирот дар минтақа меандешанд, миннатдорӣ намуд. Қайд карда шуд, ки Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар оянда низ ба татбиқи барномаҳои зиддимухаддиротӣ дар Тоҷикистон диққати ҷиддӣ хоҳанд дод. Ҷонишини Котиби Генералии СММ зикр кард, ки нақша дорад моҳи июни соли 2012 ба Тоҷикистон сафар кунад.Ҳамчунин мулоқоти директори Агентӣ бо ҳайати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо сарварии муовини Вазири корҳои дохилии ин кишвар, генерал-полковник Аҳмадӣ баргузор шуд, ки дар он масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва фаъолияти афсарони алоқаи Агентӣ дар ҶИА баррасӣ гардид.Дар хотимаи вохӯрӣ дар мавриди баргузории мулоқоти корӣ бо роҳбарони сохторҳои зиддимухаддиротии Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар даҳаи сеюми моҳи январи соли 2012 дар шаҳри Душанбе мувофиқа ҳосил шуд.Дар хотимаи мулоқот бо иштироки директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ва сарварони ҳайатҳо нишасти матбуотӣ баргузор шуд.Дар нимаи дуюми рӯзи 9 декабри соли 2011 дар шаҳри Маскав Рустам Назаров бо директори Хадамоти Федералии назорати маводи мухаддири Русия В.Иванов мулоқот намуд, ки дар ҷараёни он масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, дурнамои рушди он, ҳамчунин тамоюли инкишофи вазъи мухаддиротӣ дар қаламрави кишварҳои АвруОсиё мавриди муҳокима қарор гирифт.

Декабрь 14, 2011 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Татбиқи инноватсия дар фаъолияти китобдорӣ муҳим аст
Дар Бадахшон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм- фурӯғи маърифат» ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 сентябр, шанбе, 263-юмин рӯзи соли 2025 аст
Ҳамкории мақомоти ноҳияи Шаҳринав ва Сафорати Ҷопон дар самти рушди соҳаи маориф тақвият меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Интернети хонагӣ бештар дастрас гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ИМА барои дастгирии аҳолии Тоҷикистон 75 тонна ғизои ғанигардонида кумак расонид
Сокинони Рашт ба густариш бахшидани худшиносию худогоҳии миллӣ ва ватандӯстӣ даъват карда шуданд
«Биё! Бисоз 2.0»: тарофаи шумо — қоидаҳои шумо
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад