Ҷаласаи гурӯҳи коршиносон
Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова ). – Аз 21 то 22 декабри соли равон дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар шаҳри Минск ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба мутобиқати лоиҳаи ҳуҷҷатҳои марбут ба ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ баргузор мегардад. Иштирокдорони ҷаласа лоиҳаи Консепсияи ҳамкории кишварҳои Иттиҳод дар мубориза бо ҷинояткорӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ ва лоиҳаи Протокол дар бораи механизми аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои ИДМ супурдани маводи нашъаовар, аслиҳаи оташфишон ва лавозимоти ҳарбиро мавриди муҳокима қарор доданианд.Дар назар аст, ки баъди лоиҳаҳои Консепсия ва Протоколро муфассал мутобиқ намудани коршиносон ин ҳуҷҷатҳо мувофиқи тартиби муқарраршуда ҷиҳати баррасӣ ба Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ пешниҳод мегарданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






