Ҷамъбасти амалиёти «Канал — 2011»
Душанбе, 15 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Чанде пеш амалиёти муштараки байналмилалии зидди маводи мухаддир, ки дар қаламрави кишварҳои узви Созмони Амнияти Аҳдномаи Дастаҷамъӣ (СААД) таҳти унвони «Канал — 2011» гузаронида шуд, корашро ҷамъбаст намуд. Ҷунон ки аз гузориши интишорнамудаи ин созмон бармеояд, дар давоми як ҳафта оид ба қатъ сохтани фаъолияти гурӯҳҳои ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор машғул ва нобуд сохтани манбаи иқтисоди гурӯҳҳои чиноятпеша тадбирҳои мушаххас андешида шуданд. Дар амалиёт бар зидди даста ва гурӯҳҳои ҷинояткори созмондодашуда мақомоти амният ва умури дохила, хадамоти гумрук ва сарҳадбонии узви Созмони Амнияти Аҳдномаи Дастаҷамъӣ, инчунин мақомоти кишварҳои нозир, аз қабили Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Украина, Чин, Итолиё, Венесуэла, Покистон, Полша, Латвия, Литва ва Эстония, ки шумораи умумии иштирокдорони амалиёт тақрибан 15 ҳазор нафарро ташкил медод, ширкат варзиданд.Дар ҷараёни амалиёти муштарак аз қочоқчиёни қариб 16 тонна маводи нашъаовар, аз ҷумла 500 килограмм героин, 130 килограмм кокаин ва 9 тонна афюн, ҳамчунин 200 аслиҳаи оташфишон ва ҳазорон лавозимоти ҷангии гурӯҳҳои ҷинояткор мусодира шуд. Зимни амалиёт 4 ҳазор нафар ҷинояткорон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.Боис ба ёдоварист, ки Созмони Амнияти Аҳдномаи Дастаҷамъӣ 15 – уми майи соли 1992 таъсис ёфтааст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон узви он аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






